Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти ИМА аз тамринҳои муштарак бо Кореяи Ҷанубӣ


Кохи Сафед мегӯяд, размоишҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Ҷанубӣ хислати мудофиавӣ хоҳанд дошт. Ҳадаф аз онҳо намоиши пуштибонӣ аз Кореяи Ҷанубӣ дар баробари таҳдиди таҷовузи Кореяи Шимолист. Сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс ба хабарнигорон гуфт, тамринҳои ҳарбӣ ба Кореяи Шимолӣ паёми рӯшан мефиристанд, ки беҳтар аст, аз ҳама гуна таҷовуз ба Кореяи Ҷанубӣ худдорӣ кунад. Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс ва ҳамтои ӯ аз Кореяи Ҷанубӣ, Ким Тае Йонг эълом доштанд, ки размоиши муштараки нерӯҳои дарёӣ рӯзи якшанбе оғоз хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG