Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати AI ба қатъи тахриби хонаи фаластиниҳо


Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, аз Исроил даъват кардааст, тахриби манзили фаластиниҳо ва дигар биноҳ дар Каронаи Бохтариро бас кунад. Ин созмон меафзояд, танҳо дар аввали ҳафта дар водии Урдун 74 хона тахриб шудаанд. Дар изҳороти созмони Афви Байнулмилал гуфта мешавад, Исроил бо вайрон кардани хонаҳо дар водиҳои Ҳумайр ва Айн Ғазал дар рӯзи душанбе 107 нафар, аз ҷумла 52 кӯдакро аз манзили зист маҳрум намуд. Мақомоти исроилӣ се ҳафта пеш ба сокинони ин рустоҳо дастур додаанд, ки зарфи 24 соат минтақаро тарк кунанд, зеро манзили фаластиниҳо дар наздикии минтақаи ҳарбӣ ҷойгир будаанд.
XS
SM
MD
LG