Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари сарбоз: "Писарамро бо латтукӯб куштаанд"


Анвар Муҳаммадҷонов, сокини ноҳияи Исфара, иддао дорад, ки фарзанди сарбозаш бар асари латтукӯб дар қисми низомӣ кушта шудааст. Вазорати дифоъ мегӯяд, ин сарбоз аз зарби қувваи барқ ба ҳалокат расидааст.

Анварҷон мегӯяд вақте, ки ҷасади фарзандашро мешуст, дар бадани ӯ осори латтукӯбро мушоҳида кард. Вай мегӯяд, ба ривояти Вазорати дифои кишвар, ки гӯё фарзанди ӯ аз зарби зарби сими баланшиддати барқ ба ҳалокат расидааст, бовар надорад.

Волидон ва пайвандони Аҳрорҷон Муҳаммадҷонов, сокини 19-солаи деҳаи Чилгазии ноҳияи Исфара, умед надоштанд, ки пас аз як соли сарбозӣ ҷасади фарзандашонро ба хона меоранд.

Аҳрорҷон Маҳмадҷонов аз соли 2009 ба ин сӯ дар қисми низомии «13003»-и Вазорати дифои кишвар адои хизмат мекард. Ба гуфтаи кормандони комиссариати ҳарбии Суғд, авохири моҳи июн Аҳрорҷон аз беэҳтиётӣ дар иҷрои кор ба ноқили баландшиддати барқӣ бархурда, ба ҳалокат расидааст. Дар комиссариати ҳарбӣ аз шарҳи бештари қазия худдорӣ варзиданд ва танҳо гуфтанд, ки қазияи ин ҳодисаро додситонии ҳарбӣ баррасӣ хоҳад кард.

Иддаои волидони сарбоз

Аммо волидони марҳум ин ривояти комиссариатро ғайривоқеӣ дониста, мегӯянд, ки чанд нишонаи марги иҷбориро дар бадани фарзандашон мушоҳида кардаанд. Анварҷон, падари Аҳрорҷони марҳум, мегӯяд: «Дар вақти шустани ҷасад захмҳои бешуморро дар бадани ӯ дидам. Ба мо гуфтанд, ки барқ задааст. Аммо ман ба ин бовар надорам. Модоме, ки барқ зада бошад, чаро сару рӯй ва гардани вай захм бардоштаанд?»

Анварҷон мегӯяд, писараш дар чанд рӯз пеш аз маргаш бо онҳо дар тамос шудаст ва гуфтааст, ки ба рухсатӣ мебарояд ва ба дидорбинии волидонаш меояд. Аммо як руз пеш аз сафар ба ҳалокат расидааст.

Шарҳи Вазорати дифоъ

Ин аввалин ҳодисае нест, ки сарбозон дар ҷараёни химати ҳарбӣ ба ҳалокат расидаанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сардори маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 5 ҳодисаи маргумири сарбозон ба қайд гирифта шудааст.

Ӯ мегӯяд, ҳар ҳодисае, ки бо айби шахсони масъул дар қисмҳои низомӣ рӯх медиҳад, албатта санҷида мешавад ва афроде, ки дар ин гуна, ҳодисаҳо беэътиноӣ зоҳир кардаанд, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт:

«Бештари ҳодисаҳои нохуш аз беэҳтиётии сарбозон рӯх медиҳад. Баъзе аз сарбозон зимни ба рухсатӣ баромадан дар хонаводаҳои худ даст ба худкушӣ мезананд».

Шикояти собиқ сарбозон

Бархе аз ҷавононе, ки аз хизмати аскарӣ баргаштаанд, вуҷуди зуроварӣ дар қисмҳои низомиро инкор намекунанд, балки аз афзоиши ҳодисаҳои «дедовшина» ва ё меҳтарсолорӣ дар қисмҳои низомии кишвар ҳикоят мекунанд. Олимҷон Қодиров, як сокини Хуҷанд, ки 4 сол муқаддам аз хизмати аскарӣ баргаштааст мегӯяд: «Вақте, ки мо хизмати ҳарбиро ба иҷро мерасонидем, «дедовшина» ё «землачестъва» вуҷуд дошт. Он нафароне, ки қаблан ба хизмат рафтаанд, нафарони баъдиро латтукӯб мекунанд. Ин падида то имрӯз ҳам, мутаасифона, идома дорад. Бисёриҳо аз тарси ин гуна ҳодисаҳо намехоҳанд фарзандонашон ба хизмат раванд».

Вуҷуди зӯроварӣ дар қисмҳои низомӣ аз сабаҳои аслии дилсарии падару модар аз хизимати фарзанд дар артиш номбар мешавад. Дар шароити феълӣ, агар баъзеҳо барои фирор аз хизмати ҳарбӣ ба таҳсил дар дошигоҳ бартарӣ диҳанд, бархи дигар бо ҳар роҳу восита мекушанд, то фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда нашаванд.

Ҳароси ҷавонон аз «Дедовшина»

Қобилҷони Қосимзода аз камтарин шумори ҷавонон аст, ки борҳо хостори хизмат дар сафи артиш шудааст, аммо ба далели ин ки амнияти сарбозҳо дар қисмҳои низомӣ риоя намешавад, волидонаш монеаи чунин тасмими ӯ шудаанд.

Қаюм Атаев, корманди созмони ҷамъиятии ҳуқуқшиносони ҷавон мавсум ба «Ампаро» дар Хуҷанд, дар ин замина мегуяд: «Дедовшина ин падидаест, ки аз замонҳои шуравӣ боқӣ монда, ҳоло ҳам дар баъзе,аз қисмҳои низомӣ ба мушоҳида мерасад. Баъзе аз афсарон нисбати фаъолияти худ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намекунанд ва ҳамин беэътиноиву беэътиборӣ дар қисмҳои низомӣ боиси авҷи чунин ҳодисаҳо мегардад».

Комиссариати ҳарбӣ аз зикри маълумоти дақиқ дар мавриди ҷалби солонаи ҷавонон ба сафи артиш худорӣ мекунад. Аммо ба маълумоти ғайрирасмӣ ҳамасола то 10 ҳазор наваскар ба артиш ҷалб мешаванд.
XS
SM
MD
LG