Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бораи Шаҳром Амирӣ дар Эрон филм таҳия мекунанд


Як студияи эронӣ, ки бо доираҳои давлатӣ иртибот дорад, ба нақша гирифтааст, ки дар бораи Шаҳром Амирӣ-донишманди эронӣ филме ба навор бардорад. Шаҳром Амирӣ дар ин филм даъво хоҳад кард, ки вайро соли гузашта кормандони кашфи Амрико рабудаанд. Амирӣ дар авоили моҳи ҷорӣ баъд аз он, ки ба сафоратхонаи Покистон дар Вошингтон муроҷеа кард, ба Эрон баргашт. Аммо Амрико иддаои Амириро дар бораи рабудани вай рад кард. Матбуоти Амрико навишт, Амирӣ ба Амрико фирор кардааст ва барои ифшои маълумот дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон миллионҳо доллар пул гирифтааст. Амир Ҳусейн Оштиёнипур-раиси студияи филми "Симо" мегӯяд, филми вай дар бораи Амирӣ бар асоси рӯйдодҳои воқеӣ таҳия мешавад.
XS
SM
MD
LG