Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон вагонҳои Тоҷикистонро раҳо мекунад?


Ширкати роҳи оҳани Узбакистон ба Тоҷикистон хабар додааст, ки аз имрӯз, 21-ӯми июл вагонҳои Тоҷикистонро марҳала ба марҳала ба Тоҷикистон хоҳад фиристод. Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ Амонулло Ҳукумов-раиси ширкати "Роҳи Оҳан"-и Тоҷикистон ба рӯзноманигорон хабар додааст. Бино ба маълумоти мавҷуда, ҳоло дар қаламрави Убакистон 1 ҳазору 157 вагон нигоҳ дошта мешавад. Мизони хисороти ворида аз нигоҳ доштани вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон 10 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG