Пайвандҳои дастрасӣ

Барои дуввумин бор дар Тоҷикистон мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ зери шиори «Ҷавонон - алайҳи маводи мухаддир» баргузор шуд.

Толеъ Холназаров, раиси Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки бо ибтикори Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон ва бо ҳимояти Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ва Ширкати мухобиротии «Tcell» дар шаҳри Душанбе дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон сурат гирифт, наздики 50 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Дар рақобатҳо аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо варзишгарони Душанбе ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд, ки байни онҳо Исмоил Қодиров, Фирӯз Давлатов, Сӯҳроб Солеҳов, Азизҷон Азизов ва Тоҷиддин Табаров ҳастанд.

Азизҷон Азизов ғолиби мутлақи мусобиқа гардид. Вай шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бодибилдинги Осиё, ки аз 1-ум то 3-юми август дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, ҳимоя хоҳад кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG