Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Эстония аз мушакҳои "Искандар"-и Русия


Узви Паймони Атлантики Шимолӣ, Эстония, аз истиқрори мушакҳои Русия дар наздикии марзи Эстония изҳори нигаронӣ кард. Вазири умури хориҷии Эстония, Урмас Пает гуфт, ин тасмими Русия як бонги хатар аст. Рӯзи шанбе фармондеҳи нерӯҳои заминии Русия, Александр Постников ба радиои "Эхо Москви" гуфт, шабакаи мушакҳои "Искандар" дар 140 клометрии марзи Эстония мустақар хоҳанд шуд. Аз ин ҷо мушакҳои Русия кишварҳои узви НАТО -- Эстония ва Литва, узви Иттиҳоди Аврупо Латвия ва узви бетарафи Иттиҳоди Аврупо Финлондро дар фосилаи дастрас қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG