Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои озодии маҳбусони бемор дар Эрон


Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" мегӯяд, "маҳбусони сиёсӣ" дар Эрон аз ҳама гуна мадади тиббӣ маҳруманд. Ризо Мӯинӣ, масъули бахшҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" дар Порис мегӯяд, дар боздоштгоҳҳо ҳеҷ гуна муқаррароти байнулмилалӣ муроот намешавад. Вай шумораи боздоштшудагонро аз 400 то 600 нафар ҳадс мезанад ва мегӯяд, созмонҳои "Гузоришгарони бидуни марз" ва Афви Байнулмилал аз мақомоти Эрон озодии фаврии маҳбусони беморро талаб кардаанд. Аксари онҳо дар ҷараёни хушунатҳои пасоинтихоботии Эрон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG