Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар пойгоҳе дар канори Мазори Шариф


Як сарбози афғон дар ҷараёни машқи таслиҳот дар як пойгоҳи низомӣ дар шимоли Афғонистон 2 шаҳрванди ғайринизомии Амрико ва як сарбози афғонро ба ҳалокат расондааст. Паймони НАТО мегӯяд, феълан ҳамроҳ бо мақомоти Афғонистон ба таҳқиқи қазия пардохтааст, ки оё ин ҳамлаи тарҳшуда буд ё тасодуф? Худи сарбоз низ дар ин ҳодиса, ки дар тамрингоҳе дар наздикии Мазори Шариф, бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон, рух дод, ба гунаи ҳанӯз норӯшане кушта шуда ва дар ин тирандозӣ як сарбози НАТО ва як ходими афғон ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG