Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ парвандаи 2 узви Ал-Қоидаро таҳқиқ мекунад


Бино ба хабарҳо, додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи 2 нафареро, ки ба ҳамкорӣ бо шабакаи Ал-Қоида муттаҳам мешаванд, таҳқиқ мекунад. Ин афрод, ки ҳанӯз дар авоили соли ҷорӣ боздошт шудаанд, ба гуфтаи мақомот, дар тамрингоҳҳои Ал-Қоида дар Вазиристони Покистон таълим дидаву барои анҷоми амалҳои террористӣ ба Тоҷикистон эъзом шудаанд.
Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон яке аз боздоштшудагонро Ислом Ниёзматов ном мебаранд, ки шаҳрванди Узбакистон буда, дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд боздошт шудааст.
Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ки соли гузашта дар ин кишвар 5 узви Ал-Қоида боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG