Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се меҳмон ба анҷумани Кобул дер карданд


Ҳамлаи мушакӣ дар фурудгоҳи Кобул боиси таъхир дар роҳи ба анҷуман расидани дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ва вазирони хориҷаи Шветсияву Дания Карл Билдт ва Лин Эсперсен шудааст. Ҳавопаймои ҳомили Мун ва Билдт маҷбур шуд, ки дар фурудгоҳи Багром пойин шавад ва онҳо худро тавассути чархбол аз Багром ба Кобул расонданд. Аммо ҳавопаймои Эсперсен дар Кобул нишаста натавонист ва ба Қазоқистон рафт.
НАТО мегӯяд, шоми душанбе, дар арафаи анҷумани Кобул чандин ҷангии толибро, ки бовар меравад, “охирин омодагиҳоро ба ҳамалот алайҳи ин анҷуман мегирифтанд”, кушта ва чандин тани дигарро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG