Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико харидории пахтаи Тоҷикистонро манъ кард


Вазорати кори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯйхати нави маҳсулотеро нашр кардааст, ки воридоташон ба Амрико, ба далели истифода аз нерӯи кори кӯдакон дар тавлиди он маҳсулот манъ аст. Ба ин феҳраст пахтаи Тоҷикистон низ ворид шудааст.

Дамиен Вамплер, пресс-атташеи сафорати Амрико дар Душанбе, гуфт, ин тасмим барои он гирифта шудааст, ки дар ҷамъоварии пахтаи Тоҷикистон аз нерӯи кӯдакон фаровон истифода мекунанд.

Сафорати ИМА: Тоҷикистон кӯдаконро ба пахтачинӣ водор мекунад

Вай афзуд, гузоришҳои қобили эътимод дастрас шудааст, ки дар мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2009 баъзе аз мансабдорон дар вилоятҳои Суғду Хатлон иҷборан кӯдаконро ба пахтачинӣ водор кардаанд.

Пахтакорӣ ва содироти он як бахши аслии даромади Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Содироти пахта, баъд аз алюминиюм, манбаи аслии воридоти арзи хориҷӣ ба кишвар аст.

Тоҷикистон то замони фурӯпошии Шӯравӣ ҳудудан як миллион тонна пахта тавлид мекард, аммо ҳоло каме бештар аз 300 ҳазор тон пахта дар саросари Тоҷикистон ҷамъоварӣ мешаваду халос.

Вокуниши вазорати хориҷаи Тоҷикистон

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон тасмими вазорати кори Амрикоро барои манъи харидории пахтаи кишвар, ба далели ин ки, дар ҷамъоварии он аз нерӯи кӯдакон истифода мешавад, нодуруст мехонанд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ, мегӯяд, мақомоти ин кишвар истифода аз нерӯи кӯдак дар мазореи пахтаро расман манъ кардааст ва наврасон дар мавсими ғунучини пахта чун дар Шӯравӣ иштирок намекунанд.

Дар ҳама кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, меҳнати иҷбории кӯдакон манъ шудааст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, дар асл аз нерӯи кӯдакон ба василаҳои гуногун ва «безарар» истифода мекунанд.

Барои мисол, ба гуфтаи Манзура Султонова, раҳбари созмони иҷтимоии «Саодат», агарчи мактабҳоро баста ҳамаи наврасонро ба пахтачинӣ намебаранд, вале ҳамарӯза гурӯҳи кудаконро ба саҳрои пахта меоранд, ки «кӯмак ба хоҷагидорон» унвон мешавад.

Тасмими Амрико чӣ пайомад дорад?

Аммо он чи ки мехостем аз мақомот пурсем, ин буд, ки оё Амрико аз Тоҷикистон чӣ қадар пахта мегирад ва дар «рӯйхати сиёҳ» ҷой додани Тоҷикистон латмае ба иқтисод хоҳад зад ё на.

Намояндагони вазорати иқтисоди Тоҷикистон аз додани посух ба ин суол худро канор кашиданд. Вале Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзӣ, гуфт, Амрико чи дар гузашта ва чи ҳоло харидори пахтаи Тоҷикистон набудааст.

Бо ишора ба гуфтаҳои Ваҳҳоб Воҳидов, вакили мардумӣ дар порлумон ва раиси ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки дар вазъияти кунунӣ, ин тасмими Амрико шояд ҷанбаи сиёсӣ дошта, ҳушдоре барои риоя кардани ҳуқуқи кӯдакон бошад.

Кишварҳои "рӯхати сиёҳ"-и Амрико

Вазорати кори Амрико воридоти пахта аз кишварҳое, чун Узбакистон, Буркина Фасо ва Чину Бенинро манъ кардааст, ки дар он ҷо низ аз нерӯи кӯдакон барои ҷамъоварии ҳосили пахта истифода мекардаанд.

Ҳамчунин, воридоти маҳсулоти электронӣ ва бозичаҳо аз Чин низ ба далели истифода аз нерӯи кӯдак дар истеҳсоли он манъ шуда, 7 навъи маҳсулоти сохти Мянмар низ ба ин далел шомили “рӯйхати сиёҳ”-и вазорати кори Амрико шудааст.

Аслан вазорати кори Амрико ин рӯйхати маҳсулоти манъшударо дар машварат бо департаменти давлатӣ ва вазорати амнияти дохилии ин кишвар сар аз соли 1999 таҳия мекунад. Феълан дар он 29 навъи маҳсулоти 21 кишвари олам ҷо дода шудааст.
XS
SM
MD
LG