Имрӯз додгоҳи Олмон ду мардеро маҳкум ба зиндон кард, ки яке аз онҳо шаҳрванди Туркия ва дигарӣ шаҳрванди турктабори Олмон мебошад. Онҳо барои иртибот бо шабакаи террористии Ал-Қоида маҳкум ба муҷозот шудаанд. Додгоҳи Колбенз дар ғарби Олмон мардеро, ки танҳо бо номи Умар шиносоӣ шудааст, ба 6 соли зиндон ва дигариро бо номи Сермет ба 2,5 соли зндон маҳкум кард. Ин ду мард, ки ҳар ду 32 сол доранд, барои фиристодани пулу таҷҳизот ба Н Олим-покистонитабори узви Ал-Қоида муттаҳам дониста шудаанд. Олим соли гузашта боздошт шудабуд.