Аюбҷон Асадуллоев-раиси нави Кумитаи вилоятии радио ва телевизиони вилояти Суғд таъин шуд. Вай дар ин мақом Ҳабиба Ҷӯраеваро иваз кард. Асадуллоев то ҳол ёвари раиси вилояти Суғд буд. Раиси нави кумитаи вилоятии радио ва телевизионро дар як ҷаласаи вижа муаррефӣ кардаанд, вале дар бораи сабаби барканории Ҳабиба Ҷӯраева аз ин мақом чизе гуфта намешавад. Тибқи маъмул сабаби барканорӣ гузаштан ба кори дигар будааст. Дар ин бора хабаргузориҳо иттилоъ додаанд.