Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Басташавии 7 мадрасаи ғайрирасмӣ дар вилояти Суғд


Мақомоти умури дохилии Суғд мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти вижае таҳти унвони «Мадраса» 7 мадрасаи ғайрирасмӣ дар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст.

Абдураҳмон Муборакқадамов, як масъули ин ниҳод, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, ки чунин мадрасаҳо ва ё мактабҳои ғайриқонунии динӣ умдатан дар хонаҳо ташкил шудаанд ва дар онҳо гурӯҳи ҷавонон асосҳои дини исломро меомӯхтаанд.

Идораи корҳои дохилии Суғд мегӯяд, барои афроди таъсисдиҳандаи чунин мадрасаҳо, ки ба омӯзиши ислом ба наврасон бидуни иҷоза машғул буданд, санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст ва қазияи баъдинаи онҳоро додгоҳ ҳал хоҳад кард.

Ҷаримаи мударрисон

Аммо маъни фаъолияти мадрасаҳо ва таъини ҷаримабандиҳо алайҳи муллоҳо иддае аз мардуми Суғро нигарон кардааст. Муҳаммадҷон Ортиқов, имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва падари Муҳаммадӣ ном ҷавони 35-сола, ки барои таъсиси мадраса ҷаримабандӣ карда мешавад, мегӯяд, мақомоти пулис дар ҳоле чунин амалеро роҳандозӣ кардаанд, ки дар шароити феълӣ ба ҷуз аз ду-се мадраса дар марказҳои шаҳр, бунёди мадрасаҳо дар деҳот ба чашм намехӯрад ва аксаран атфоли мусалмон аз омӯзиши фароизи исломӣ бебаҳраанд.

Вай мегуяд: «Бо супориши президент озмуни Қуръонхониро ташкил карданд ва чандин нафаре, бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд, ки ин ҳама аз кору фаъолияти ҳамин гуна мадрасаҳо ва муллоҳо буд. Аммо ҳоли ҳозир фикр намекунанд, ки ин ҷавонон дар куҷо Қуръонро омӯзанд. Ҳозир мушкилиҳо бисёр, мақомот намехоҳанд, ки ҷавонон мустақил асосҳои исломро омӯзанд. Онҳо ҳар гуна сабабу баҳонаҳо пеш меоранд. Ҳатто кормандони мақомот гуфтаанд, ки ғайр аз китоби Қуръон чизҳои дигарро низ меомӯзанд».

Оқои Муҳаммадҷон мегӯяд, замоне омӯзиши таълимоти ислом маъмулан дар хонаводаҳо сурат мегирифт ва аксари муллоҳои давр даспарварони ҳамон мударрисоне маҳсуб мешаванд, ки замоне дар хонаҳо аз ислом таълим гирифтаанд. Аммо ҳоло қонун «Дар бораи дин ва иттиҳодияҳои динӣ», ки ду сол пеш қабул шуд, ташкили мадрасаҳо дар хонаро мамнӯъ меҳисобад.

Назари ҷавонон ба иқдоми мақомот

Муҳаммадазиз Раҷабӣ, як ҷавони хуҷандӣ, чунин иқдоми мақомотро як нав фишор ба мардуми мусалмон арзёбӣ мекунад. Вай мегӯяд, дар ҳолест, ки Сарқонуни кишвар озодиҳои диниро барои мардум фароҳам овардааст, аммо мақомот ба ҳар роҳу восита мехоҳанд, ҷавононро аз омӯзиши мустақили дину мазҳаб дар назди мулоҳҳо дур нигоҳ доранд.

Бархеи дигар аз ҷавонон бо ишора ба ташкили фанни ҷадид бо номи «Маърифати ислом», ки соле пеш барои хонандагони синфҳои 8-уми мактабҳои миёна роҳандозӣ шудааст, мегӯянд, ҳафтае як маротиба дарс гуфтани омӯзгорон, он ҳам муаллимони соҳаи аадабиёту таърих аз боби ислом, ба ҳеҷ вақт наметавонад хостаҳои ҷавононро дар омӯзиши дини мубини ислом бароварда созад.

Мирзоолими Мирзораҳим, як тан аз ҷавонони донишманд, дар ин марврид мегӯяд: «Барнома бисёр маҳдуд аст. Масалан, тасаввур кунед, ки барои шахсияти Муҳаммад (с) ду соат дарс ҷудо карда шудааст ва барои мазҳаби Ҳанафия - чор соат. Дар ин дуву чор соат барои шахсиятҳои муътабари ислом барои толибилмон чизи бисёрро гуфтан ғайриимкон аст. Бо вуҷуди дарси кам, рӯҳониёни шинохта наметавонанд, ки барои толибилмон дарс гузаранд. Ҳатто хатмкунандагони мадрасаҳо ҳам наметавоанд аз рӯи ин фан дарс гӯянд».

Оқои Мирзоолим мегӯяд, ки ҳоло назар ба солҳои пеш мушоҳида кардааст, ки сафи намозгузорон дар масҷидҳои ҷомеъ дар устони Суғд зиёд ба мушоҳида мерасад. Ва ӯ сабаби афзиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба исломро як навъ муроҷиат ба Худо барои рафъи мушкилоти фаровон дар зиндагӣ унвон мекунад.

Мушкилоти мадрасаҳои расмӣ


Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Орифҷон Байзоев, имомхатиби масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, феълан дар шаҳру навоҳии Суғд 8 мадрасаи исломӣ расман фаъолият мекунад ва бузургтарин аз ин шумор мадрасаи «Имоми Аъзам » будааст, ки дар назди масҷиди марказии дар Хуҷанд ҷойгир шудааст, ки дар он ҳудуди 70 нафар ҷавононписарон ва 80 нафар духтарҳо таълимоти исломӣ мегиранд.

Вай меафзояд: «Он чизҳое, ки имрӯз зиндагии мо тақозо мекунанд мадрасаҳо ба чунин талаботҳо ҷавобгӯ нестанд. Аз он ҷумла синфонаҳо муҷаҳҳаз карда нашудаанд. Ҳамаи мадрасаҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ доранд».

Ба гуфтаи оқои Байзоев ҳоло мадрасаҳои дигар дар шаҳру ноҳияҳо ба далели вазъи иқтисодӣ чандон фаъол нестанд ва аксари наврасон дар омӯзиши улуми динӣ ба мушкил мувоҷеҳ шуда, наметавонанд ниёзҳои маънавии худро дар назди ҷомеа бароварда созанд.
XS
SM
MD
LG