Рӯзномаи "Независимая Газета" чопи Русия аз қавли Кен Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон навиштааст, Амрико дар Тоҷикистон як маркази тамринҳо бунёд хоҳад кард. Оқои Гросс гуфтааст, ин тамрингоҳи низомӣ комилан ба низомиёни Тоҷикистон тааллуқ хоҳад дошт ва дар он низмиёни Амрико ва ё аслиҳаи амрикоӣ нахоҳад буд. Ин тамрингоҳ ё маркази миллии машқҳои низомӣ дар Қаратоғ сохта мешавад. Оқои Гросс гуфтааст, Амрико барои сохтмони ин тамрингоҳ 10 миллион доллар сарф мекунад ва он дар ихтиёри Горди Миллии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.