Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти камҳосили OSCE дар Қазоқистон


Вазирони умури хориҷаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди ирсоли гурӯҳи машваратии пулис ба Қирғизистон, ки шоҳиди низоъҳои хунини қавмӣ шуд, ба мувофиқа нарасиданд. Нишасти дурӯзаи дипломатҳои 56 кишвари узви созмон дар осоишгоҳи Оқбулоқ дар наздикии шаҳри Алмаато бенатиҷа ба поён расид. Онҳо бо тақозои Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон масъалаи ирсоли гурӯҳи машваратии пулис ба шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолободро баррасӣ карданд, аммо замони мушаххасеро барои ирсоли гурӯҳ таъйин накардаанд. Қазоқистон, ки раҳбари феълии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, мақомоти Амрико, Олмон ва Фаронса ва ҳамчунин кишварҳои дигари узви созмон аз ҷумла Тоҷикистон аз ирсоли гурӯҳи машваратии 52 нафарии пулис ба ҷануби Қирғизистон ҳимоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG