Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави ҳамкории ИА бо кишварҳои Қафқоз


Катерина Аштон, комисари олии Иттиҳодияи Аврупо, ҳини дидор бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ
Катерина Аштон, комисари олии Иттиҳодияи Аврупо, ҳини дидор бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ

Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки бо ҳадафи таҳқими равобиташ бо Гурҷистон, Озарбойҷон ва Арманистон музокирот раҳандозӣ хоҳад кард, ки дар ниҳояти амр бо имзои паймонҳои пайвасти расмии ин кишварҳо бо Иттиҳодияи Аврупо анҷом мегирад.

Паймонҳои мазкур чорчӯбаи мунисибатҳои ҳар чӣ жарфтари масоили иқтисодиву сиёси ба иловаи имкони ҷорӣ кардани сафар бидуни раводид ва минтақаи озоди тиҷоратиро байни Брюсел ва ин се кишвари собиқи шӯравӣ фароҳам хоҳад намуд.

Ин матлабро рӯзи панҷшанбе Комиссари Олии Иттиҳоди Аврупо Кэтрин Аштон бо эълони азсаргирии гуфтугӯ бо Гурҷистон дар шаҳри соҳилии Батумӣ эълон кард. Аштон, ки дар канори раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ қарор дошт, афзуд:
«Ман боварии комил дорам, ки бо таҳкими ҳар чӣ бештари муносибат байни Гурҷистон ва Иттиҳоди Аврупо мо метавонем ба рушди демократӣ, амнияти дарозмуддат ва комёбии Гурҷистон кумак намоем. Ин ҳам ба нафъи мо ва ҳам ба нафъи шумост. Амният ва сарбаландии шумо тазминкунандаи амният ва сарбаландии Аврупост».

Ҳамзамон идораи Аштон тайи як баёния роҷеъ ба азсаргирии гуфтугӯҳои мушобеҳ бо Озорбойҷон ва Арманистон тайи сафари вай ба Боку ва Ереван дар рӯзҳои 16 ва 19 июл хабар додааст. Гуфтугӯҳо бо Украина ва Молдова аллакай дар ҷараён аст.

Истиқболи Тифлис аз тасмими Иттиҳоди Аврупо

Дар навбати худ Саакашвилӣ музокиротро гоми мусбате дар ростои муносибатҳои наздик бо Аврупо донист. Ӯ гуфт: «Гурҷистон Аврупост ва ба Аврупо хоҳад баргашт. Ҳадафи ислоҳоти мо ҳамин аст, то аввалин кишвари аврупоӣ дар Кавказ сохта шавад. "

Иддае дар Гурҷистон аз наздикшавии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо бо Русия ва дар зовия қарор гирифтани Гурҷистон нигарон ҳастанд. Вале ин нигарониҳо дар рӯзҳои ахир то андозае коҳиш ёфтааст. Чанд рӯзи ахир Саакашвилӣ мизбони иддае аз мақомоти ғарбӣ, аз он ҷумла котиби давлатии ИМА дар рӯзи 5 июл буд. Худи ҳамин рӯз қабл аз вохӯрӣ бо Аштон вай вазири умури хориҷии Фаронса Бернард Кушнерро ба ҳузур пазируфт.

Ваъдаи пуштибонӣ ба Гурҷистон

Мақомоти баладндпояи ИМА ва Фаронса пуштибонии худ аз тамомияти арзии Гурҷистонро, ки бо эътирофи Русия аз истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон зери суол рафтааст, эълон намуд. Вай бо қотеият изҳор намуд, ки Русия дар амри густариши ҳамкориҳои Гурҷистон бо ИА дахолат нахоҳад кард.

Кушнер афзуд: «Мо ҳама кумакро ба Гурҷистон хоҳем кард, то ба ИА бипайвандад. Русия тасмимгиранда нест,ки кадом кишвар ба ИА шомил шавад ва кӣ не.

Интизор меравад ин гуфтугӯҳо дар эҳёи эътибори Саакашвилӣ муассир бошад. Эълони азсаргирии гуфтугӯҳо нишонаи таҷдиди тааҳҳуди Иттиҳоди Аврупо дар баробари ҳама кишварҳои минтақа дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG