Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши филмҳои нави афғонӣ дар Душанбе


Ишқи поку ноком, нобаробарӣ дар ҷомеа, мушкили маводи мухаддир ва бадбахтиҳои мардуми Афғонистон аз мавзӯъҳои аслии ду филми нави коргардони афғонистонӣ Салими Шоҳин буд, ки дар кохи Ҷомии шаҳри Душанбе намоиш дода шуд.


Аҳли толор, иборат аз филмсозони тоҷику афғонистониву эронӣ, аҳли илму фарҳанг ва тамошобинони Тоҷикистону Афғонистон, ин филмҳоро бо шавқмандӣ тамошо ва гарм пазироӣ карданд.

Қиссаи «Шикасти қалбҳо»

Ин филм аслан қиссаи ҳамешаҷавони ишқи марди бебизоат ба духтари сарватманд аст, ки назири онро бештар дар филмҳои ҳиндӣ дидаед. Хотира ва Фаҳод - қаҳрамонони марказии ин филм аз хурдӣ ҳамсоя буданд ва аз наврасӣ ошиқи якдигар.

Хотира духтари сарватманду соҳиби ҷоҳу ҷалоли шоҳона, вале Фарҳод писари фақирест, ки ба ҷуз як падари бенаво ва як кулбаи иҷора чизи дигар надошт. Нобаробарии иҷитимоӣ ва ишқи ноком ин ду дилдодаро ба варта бурд ва ба марги онҳо сабаб шуд

Коргардон Салими Шоҳин мегӯяд, ба хотири афғонистониҳои муқими Тоҷикистон филмҳояшро ба Душанбе овардааст
Истиқболи бинандагон аз филмҳо


Намоиши филмҳои афғонӣ ба як ҳамоиши дӯстии ҳунармандони се кишвари ҳамзабон - Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон табдил ёфт. Дар фарҷоми он коргардонҳо ва коршиносони соҳаи синамо назару бардошти худро баён доштанд.

Саъдулло Раҳимов, коргардони шинохтаи тоҷик, гуфт, мавзӯи филмҳои Салими Шоҳин барои мардуми Тоҷикистон бегона нест ва як далели истиқболи гарми ин филмҳо низ ҳамин будааст. Вай афзуд, боиси дастгирӣ ва аҳсан аст, ки дар шароити нооромии Афғонистон ҳунармандони афғонистонӣ эҳсоси руҳафтодагӣ надоранд ва талош меварзанд, ки бо синамо мушкилоти ҷомеаи худро нишон диҳанд.

Вай афзуд, «ман бо намунаҳои беҳтарин филмҳои ҳамтоёни афғонам ошно ҳастам, ки дар фестивалҳои ҷаҳонӣ ширкат ва ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Аммо маҳсули кори оқои Шоҳин воқеан зебост ва наметавон филмҳои ӯро аз ҳаёти воқеии кишвараш фарқ кард».

Як тамошобини ҷавони тоҷик, ки худро Умеда ном бурд, гуфт, филми «Шикасти тақдир» аз он ҷиҳат ба ӯ писанд омадааст, ки мавзӯи ҷовидонаи ишқро дорад ва мушкилоти ба сари ин ду ошиқи ғуррамарг омада, бисёр ӯро мутаассир кардааст:

«Ин ишқ ҳам ба афсона монанд буду ҳам ба ҳақиқат. Дар замони мо чунин ишқи поку самимро пайдо кардан мумкин нест. Ман филмҳои афғониро пештар тамошо накарда будам. Акнун онҳоро дӯст доштам ва тамошо хоҳам кард».

Ҳунарманди ҷавони афғонистонӣ Парии Ғуломӣ мегӯяд, аз истиқболи тамошобинон хушҳол шудааст
Насли нави ҳунармандони Афғонистон


Мо бо қаҳрамони асосии филми «Шикасти дилҳо», бозигари нақши Хотира - Парии Ғуломӣ ҳамсӯҳбат шудем. Вай гуфт, ҳамагӣ 18 сол дорад ва дар беш аз 20 филм ҳунарнамоӣ кардааст:

«Ман хеле шодам, ки муҳоҷирини афғон ва бародарону хоҳарони ҳамзабону ҳамфарҳанги тоҷик, маҳсули заҳмати моро хуш пазируфтанд».

Ва коргардони филми мазбур Салими Шоҳин дар робита ба корҳои тозаи худ гуфт, вай ба хотири ҳамватанонаш ба Тоҷикистон омадааст, то онҳоро бо маҳсули дастранҷи тозаи худ ошно созад. Вай афзуд, мехоҳад бо филмҳои тозаи худ ба мардуми ҷаҳон бигӯяд, ки дар кишвари ҷангзадаи ӯ дар миёни дуду оташи ҷанг зиндагӣ, ишқу умед, дилбастагӣ ва орзуву армонҳои зиёде ҳаст:

«Ман мехоҳам бигӯям, ки яке сарват меронад ва бо забони пулу пайса сухан мегӯяд ва беҳтарин рукнҳои инсониро ба монади ишқу меҳру садоқату одамият барҳам задан мехоҳад. Ва беҳтар аз ибодат ва муҳаббат ба инсоният чизи дигаре намемонад. Ана ҳамин маъниҳост, ки боиси мавҷудияти ҳаётанд, на силоҳу на силоҳдор ва на сарвату сарватманд».

Имрӯзи синамои Афғонистон

Коршиносони соҳаи синамо мегӯянд, тайи солҳои ахир, ки Афғонистон дар гирдоби ҳаводиси сиёсӣ қарор дорад ва бахши аъзами ҳунармандону аҳли завқи ин кишвар дар ғурбат ба сар мебаранд, соҳаи филсозии он, ки то солҳои 60-70-ми асри гузашта басо рушд кардаву чеҳраҳои маъруфу машҳуреро ба оламиён муаррифӣ карда буд, ҳоло дар баробари дигар соҳаҳои ҷомеа ба як таконе ва ғамхориву дастгирӣ ниёз дорад.

Ва мактаб ва сабку услуби филмсозии Афғонистон, ки тайи чандин даҳсолаҳо ба мактаби филмсозии Ҳиндустону Покистон майл дошт, солҳои ахир то андозае рӯ ҷониби сабку услуби филмсозии ҷаҳонӣ меорад.
XS
SM
MD
LG