Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон масъулони инфиҷорҳои Эронро маҳкум кард


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар Зоҳидони Эронро, ки бештар аз 20 кушта бар ҷой гузоштааст, маҳкум кард. Хонум Клинтон гуфт, ин ҳамларо, ки ҳоло масъулияти онро гурӯҳи Ҷундуллоҳ бар ӯҳда гирифтааст, "даҳшатбор" аст ва дастандаркорони он бояд барои ин кирдор ҷавобгӯ бошанд. Гурӯҳи Ҷундуллоҳ дар сомонаи интернетии худ масъулияти ду инфиҷор дар назди масҷиди шиаҳо дар шаҳри Зоҳидонро бар ӯҳда гирифтааст. Гурӯҳи Ҷундуллоҳ гуфтааст, ин инфиҷорҳо посух ба мақомоти Эрон аст, ки моҳи июн Абдумалик Ригӣ-раҳбари онҳоро эъдом кардаанд. Ин ду инфиҷор Зоҳидон-маркази устони Систон-Балуҷистони Эронро дар марз бо Покистон такон додааст. Ҷундуллоҳ гурӯҳи шӯришии суннӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG