Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистону Исроил муносиботро густариш медиҳанд


Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон дар дидоре дар Ереван бо Миха Линденстраус як мақоми исроилӣ гуфтааст, кишвараш хостори густариши муносибот бо Исроил аст. Бо вуҷуди ин ки ин ду кишвар хостори густариши ҳамкорӣ бо якдигар шудаанд, то ҳол дар кишварҳои якдигар сафоратхона боз накардаанд. То ҳол аз манофеи Исроил дар Арманистон сафорати ин кишвар дар Гурҷистон дифоъ мекунад ва ҳамин тавр сафорати Арманистон дар Фаронса кор бо Исроилро низ пеш мебарад.
XS
SM
MD
LG