Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Афви Байнулмилал аз тарҳи манъи ниқоб


Созмони Афви Байнулмилал пешниҳоди манъи ниқоб дар Фаронсаро хилофи ҳуқуқҳои бунёдии инсон номид. Дар изҳороте, ки Афви Байнулмилал имрӯз дар Лондон мунташир кард, гуфта мешавад, манъи ниқоб сабаби дар хона мондани занони мусулмон мешавад, ки бе ин ҳам камтар ба кор ё таҳсил машғуланд. Афви Байнулмилал меафзояд, "тамаркуз бояд рӯи нерӯманд кардани занон дар тасмимгирии худи онҳо бошад, на дар маҳдуд кардани интихоби онҳо." Рӯзи сешанбе вакилони палатаи поёнии порлумони Фаронса бо иттифоқи оро аз тарҳи манъи ниқоб пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG