Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо вуҷуди таҳримҳо ба Эрон бензин хоҳад фурӯхт


Вазири энержии Русия мегӯяд, бо вуҷуди тарҳимҳои нави Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки бахшҳои нафту гази Эронро ҳадаф қарор додаанд, ширкатҳои русӣ метавонанд, ба Эрон маҳсулоти тамизшудаи нафтӣ ворид кунанд. Сегрей Шматко афзуд, ин раванд ба манфиатҳои тиҷоратӣ ва шароити ҷолиб бастагӣ хоҳад дошт. Вай ин нуктаро баъд аз мулоқот бо вазири нафти Эрон, Масъуди Миркозимӣ дар Маскав эълом дошт. Эрон захираҳои бузурги нафт дорад, вале тавонмандиҳои тавлиди фуровардаҳои нафтии он заиф аст ва маҷбур мебошад, аз хориҷа бензин ворид кунад. Русия аллакай аз таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо шикоят кардааст, ки аз марзи таҳримҳои Созмони Милал фаротар рафтаанд.
XS
SM
MD
LG