Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Тоҷикистон рӯзнома таъсис медиҳад


Бар асоси Консепсияи иттилоотии Тоҷикистон, ки охири соли гузашта тасвиб шуда буд, давлат роҳандозии як нашрияи ҳаррӯзаро дунбол кардааст. Ин дар ҳолест, бо гузашти ҳудуди 20 сол аз касби истиқлоли Тоҷикистон ин кишвар рӯзнома надорад.

Нашрияҳое, ки чоп мешаванд, ҳафтанома ва ҳатто моҳнома ҳастанд. Албатта «Ҷумҳурият» - нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ҳафтае се маротиба чоп мешавад, вале он ҳам рӯзнома буда наметавонад.

То соли 2007 дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон 350 нашрия сабти ном шуда буд. Вале бозшумории нашрияҳо ва маҷаллаҳо дар солҳои 2008 ва 2009 собит кард, ки ҳамакнун дар кишвар 250 нашрия фаъол аст, ки аз он 52 адад давлатӣ, 119 -то ҷамъиятӣ, 32 хусусӣ ва 37 - тои дигар соҳавӣ аст.

Коҳиши сабти номи нашрияҳо ва маҷаллаҳо ба он вобаста будааст, ки ба сабаби душвориҳои молӣ аксарияти нашрияҳо аз фаъолият мондаанд. Аммо дар гузашта буданд нашрияҳое, аз қабили "Неруи сухан", "Рӯзи нав", "Одаму олам", ки аз роҳи фишор ва эҷоди маҳдудият тавассути ниҳодҳои давлатӣ баста шуданд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то кунун 25 нашрия ва маҷаллаи навро сабти ном кард. Вале омор нишон медиҳад, ки ин рақам дар муқоиса ба шумори нашрияҳо ва маҷаллаҳое, ки дар ҳамин давраи соли гузашта фаъол шуданд, ҳудуди ду маротиба камтар аст.

Аз нашрияҳо ва маҷаллаҳои наве, ки дар соли ҷорӣ сабти ном шуданд, ҳашто соҳавӣ ва бақия хусусӣ аст. Аммо сабаб чист, ки соли ҷорӣ дар муқоиса ба соли пеш теъдоди камтаре аз нашрияҳо ва маҷаллаҳо сабти ном шудаанд?

Мирзобадал Бадалов, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти даврии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нахуст ба ин суол посух дод:

-Сабаби камии сабти номи нашрияҳо ва маҷаллаҳо дар нимаи нахусти соли ҷорӣ он аст, ки солҳои 2008 ва 2009 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тибқи қарори ҳукумат, марҳалаи сабти номи матбуоти даврӣ сурат гирифт ва куллия нашрияҳое, ки хостанд сабти ном шаванд, раёсати табъу нашр ва матбуоти даврӣ онҳоро ба қайд гирифт, ки дар он миён нашрияҳо ва маҷаллаҳои нав низ буданд. Ба ҳамин ин хотир, омор имсол камтар аз соли гузашта нишон дода шудааст.

- Аммо шояд тақозои ҳуҷҷати зиёд барои сабти ном мояи ин амр шуда бошад?

- Не. Барои сабти ном дар Вазорати фарҳанг ҳуҷҷати зиёде талаб карда намешавад. Танҳо нусхаи оиннома, маълумотнома дар бораи маҳалли будубоши расона, варақа ё бланка дар бораи мақсаду вазифаҳо, маълумотномаи шахси масъул ва маблағи бештар аз 61 сомонӣ талаб карда мешавад. Ин наметавонад сабаб бошад.

- Аммо Тоҷикистон рӯзнома, яъне нашрияи ҳаррӯза надорад. Оё дар миёни нашрияҳое, ки дар Вазорати фарҳанг сабти ном шуданд, ин рӯзнома низ аст ё хайр?

- Охири соли гузашта Консепсияи сиёсати давлатии иттилооти Тоҷикистон ба тасвиб расида буд. Ҷиҳати иҷрои ин консепсия барномаи вижа таҳия гардид, ки бар асоси он охири сол ва ё аввали соли оянда давлат барои роҳандозии рӯзномаи ҳаррӯза кӯмаки молӣ хоҳад кард. Ин рӯзнома бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, форсӣ ва арабӣ бояд ба табъ расад ва феълан санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии он дар ҳоли таҳия аст. Иншооллоҳ, ба ин чиз мо комёб мешавем ва агар то охири сол нашавад, умед аст, аввали соли оянда ин рӯзнома таъсис шавад.

- Пас, метавон гуфт, ки ин рӯзнома давлатӣ хоҳад буд?

- Ин то ҳол муайян нашудааст. Аммо, фикр мекунам, нимдавлатӣ ва нимҷамъиятӣ хоҳад буд. Зеро дар ибтидо мо агар обуначӣ ва харидори хуб медоштем, соҳибкори инфиродӣ низ метавонист рӯзномае таъсис бидиҳад. Аз сабаби он ки рӯзномаҳои мо ба фурӯш намераванд ва мардум кам обуна мешаванд ва дастрас кардани рӯзнома ба музофот низ мушкилӣ дорад, ин кор мушкилиҳои худро дорад. Ба ин далел фикр мекунам, ки соҳибкорон низ пайдо мешаванд, ки дар роҳандозии ин рӯзнома ва чопи ҳамарӯзаи он, мисле ки дар дигар кишварҳо аст, саҳм хоҳанд гузошт, то мо низ соҳиби рӯзномаи доимӣ шавем.
XS
SM
MD
LG