Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи истеъфои аъзои ҳукумат дар Қирғизистон


Дирӯз боз як нафар аз муовинони ҳукумати муваққатии Қирғизистон аз мақоми худ истеъфо дод, то дар интихоботи қарибулвуқуи ин кишвар ширкат ҷӯяд. Алмазбек Атамбаев-муовини аввали ҳукумати муваққатӣ номаи истеъфои худро ба Роза Отунбоева фиристод ва дархости истеъфо кард. Атамбаев-раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ аст. Омурбек Текебаев ва Темир Сариев-мувинони дигари ҳукумати муваққатӣ низ рӯзи душанбе аз мақомҳои худ истеъфо доданд. Текебаев раиси Ҳизби Ата Мекен ва ва Сариев раиси Ҳизби Ақ Шумқар мебошанд. Отунбоева гуфтааст, вай интизор аст, ки аъзои ҳукумат барои ширкат дар интихобот бояд аз мақомҳои худ истеъфо диҳанд. Интихобот моҳи октябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG