Филипп Кроулӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА изҳор намуд, ки донишманди эронӣ Шаҳром Амирӣ озод аст ва метавонад озодона баргардад. Аз ин пеш Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷии Эрон, гуфта буд, ки донишманди рабудашуда айни ҳол дар бинои сафорати Покистон дар Вошингтон аст ва мақомоти Амрико бояд барои бозгашташ ба Теҳрон монеъа эҷод накунанд.
Хабари дар бинои сафорати Покистон дар Вошингтон будани донишманди эрониро қаблан Надим Питиало, сухангӯи вазорати умури хориҷии Покистон дар сӯҳбат бо Радиои Машъал, бахши покистонии РО тайид карда буд.
Эрон бо ИМА робитаҳои дипломатӣ надорад ва аз манфиатҳои кишвар як бахши вижа дар сафорати Покистон дар Вошингтон дифоъ мекунад.
Шаҳром Амирӣ моҳи июни соли гузашта ҳангоми зиёрати мавзеъҳои муқаддаси Арабистони саудӣ ғайб зада буд. Вошингтон даст доштанаш дар рабудани Шаҳром Амириро пайваста рад мекунад.