Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайриинтизори Дейвид Петреус ба Покистон


Дейвид Петреус, генерали амрикоӣ, зимни сафари ғайримунтазирааш ба Покистон аз талошҳои ин кишвар барои муқобила бо тундравон ситоиш кард. Дар нахустин сафараш ба ҳайси фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистони ҳамсоя, Дейвид Петреус гуфт, “ҳодисаҳои ахир нишон дод, ки ҷангҷӯён як таҳдиди муштарак барои Покисатону Афғонистон аст”. Дар натиҷаи силсилаи ҳамлаҳо дар ду ҳафтаи ахир дар Покистон 150 нафар кушта шуд ва Афғонистон ҳам шоҳиди афзоиши хушунатҳо шудааст. Амрико ба Исломобод фишор меовард, барои маҳви Толибон саъйи бештар ба харҷ бидиҳад.
XS
SM
MD
LG