Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон иҷрои ҳукми сангсори зане ба таъхир афтод


Як мақоми додгоҳии Эрон гуфтааст, иҷрои ҳукми сангсори зане, ки ба зино муттаҳам дониста мешуд, барои муддате ба таъхир даромадааст. Хабаргузории расмии ИРНО аз қавли Маликаждар Шарифӣ-мақоми додгоҳӣ гуфтааст, иҷрои ҳукми сангсори хонум Сокина Оштиёнӣ бино ба "андешаҳои башардӯстона" боздошта шудааст. Шарифӣ гуфтааст, бо вуҷуди эътирози кишварҳои ғарбӣ Ошитёни ҳануз метавонад эъдом шавад. Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башари байналмиллалӣ дархост кардаанд, ки ин ҳукм боздошта шавад. Афви Байналмиллал ё Амнести Интернешенал мегӯяд, ин зан соли 2006 барои робитаи ғайримашрӯи ҷинсӣ бо ду мард ба зарби 99 дарра маҳкум шуда буд. Гурӯҳи ҳуқуқи башар мегӯяд, бо вуҷуди ин Оштиёнӣ "баъд аз издивоҷ " низ даст ба зино задааст. Вале худи Оштиёнӣ онро рад мекунад. Мисли Оштиёнӣ 7 зани дигар низ дар Эрон ҳукми сангсор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG