Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол


Дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол имрӯз барандаи ин ҷом муайян хоҳад шуд. Барои он дастаҳои Ҳолланд ва Испания вориди сабқат мешаванд. Барои ҳар кадоме аз онҳо ин аввалин пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол хоҳад буд. Барои Испания ин нахустин ширкат дар бозии ниҳоист, аммо дастаи Ҳолланд ду дафъа, дар солҳои 1974 ва 1978 дар финал ширкат карда буд. Интизор меравад, ки садҳо миллион нафар ин бозиро тамошо хоҳанд кард. Пеш аз оғози он овозхони машҳури колумбиягӣ Шакира ва 700 ҳунарпешаи дигар консерт хоҳанд дод. Дар арафаи финали бозиҳо раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ Якоб Зума аз нахустин бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар қораи Африқо истиқбол кард ва онҳоро "таърихӣ, пуршӯр ва хеле африқоӣ" номид.
XS
SM
MD
LG