Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи раҳбари Туркманистон ба нашри матбуоти хусусӣ


Мардуми Туркманистон, кишваре, ки тамоми матбуоташ дар зери назорати давлат аст, мумкин аст, ба зудӣ ба хондани рӯзнома ва маҷаллаҳои хусусӣ ноил шаванд. Дар ин бора раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар як паёми телевизионӣ дар ҷараёни ҷаласаи ҳукуматаш хабар дод. Вай гуфт, "пешниҳодҳо барои таъсиси рӯзнома ва маҷаллаҳои хусусӣ ва мустақил метавонанд, омода шаванд ва кор дар ин замина бояд суръат бигирад.
XS
SM
MD
LG