Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосусони Амрико ба Вошингтон расиданд


Ҷосусоне, ки дар Русия озод ва бо 10 ҷосуси Русия дар Иёлоти Муттаҳида иваз шуданд, дар як ҳавопаймо ба Вошингтон расиданд. Ин бахше аз калонтарин табодулаи ҷосусон бо Иёлоти Муттаҳида дар давраи баъд аз Ҷанги сард буд, ки як моҷаро байни Вошингтон ва Маскавро ҳал кард. Табодулаи 10 ҷосуси дар Амрико боздоштшудаи Русия бо 4 ҷосуси дар Русия боздоштшудаи Амрико дар Вена сурат гирифт. Нафарони Русия аллакай ба Маскав расидаанд. Аммо дақиқ нест, чанд нафар дар Вошингтон фуруд омад, зеро интизор мерафт, ду нафар дар Бритониё боқӣ бимонанд.
XS
SM
MD
LG