Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамолиддин Нуралиев: Ман молики IRS нестам


Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳеҷ робитае бо ширкати IRS, ки ба пулчинӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, надорад ва молики IRS низ нест. Қаблан "Азия плюс" аз қавли "Садои Олмон" навишта буд, Нуралиев муассиси IRS мебошад.

Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, "пас аз нашри иттилои расонаҳои хориҷӣ ва дохилӣ дар бораи гӯиё робитаи ман ба ширкати IRS, ман унвонии радиои "Садои Олмон" ва ҳафтаномаҳои "Азия плюс" нома фиристодам ва хоҳиш кардам, ки чунин хабарҳои беасос пахш накунанд. Ва бори дигари мегӯям, ки на ман, Ҷамолиддин Нуралиев ва на Вазорати молияи Тоҷикистон ба ширкати Иновейшн Роуд Солюшн ягон рабте надорем".

Хабаргузории «Азия плюс» пеш аз ин, бо истинод ба пойгоҳи интернетии «Садои Олмон» мақолаеро нашр карда буд, ки дар он гуфта мешуд, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияи Тоҷикистон муассиси ширкати IRS аст.

Нуктаи дигаре, ки дар ин мақола зикр шуда буд, ин аст, ки ширкати «Innovative Road Solution» ба рағми иддаое, ки дорад, ҳеҷ гуна собиқаи байналмилалӣ дар бахши хадамоти роҳро надорад ва он танҳо дар соли 2009 сабти ном шудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев дар номаи радияи худ ба хабаргузорӣ гуфтааст, ба ҷои ҳадс задан ва истинод ба «Садои Олмон», мебоист барои гирифтани чунин маълумоте хабарнигори Азия плюс ба намояндагии ширкат дар Душанбе муроҷиъат мекард, то маълум намояд, ки молики IRS кист.



Дар поёни номаи худ, Ҷамолиддин Нуралиев, ҳушдор додааст, ки дар сурати нашри ба такрори чунин хабарҳое, ки ба эътибори ӯ латма мезанад, ба додгоҳ муроҷиъат хоҳад кард.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

Қаблан низ расонаҳои Тоҷикистон дар мавриди ба Нуралиев тааллуқ доштани IRS ҳадс мезаданд, аммо он ҳама шубҳаву гумон буд. Ва вокуниши оқои Нуралиевро ба бор наоварда буд.

Нахустин таҷрибаи роҳи пулакӣ

Душанбе – Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд.

Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.

Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд. Роҳи Душанбе –Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.

Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд.

Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.

Innovative Road Solutions - дар паноҳи кист?

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби порлумон низ расидааст сурат мегирад.

Ин ширкат ба иддаъои худаш як ширкати бонуфузи хориҷст, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳадсу гумони фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба робитаи моликони ин ширкат ва мақомоти Тоҷикистон низ дар расонаҳо ва миёни мардум ҳамчунон сайр дорад.

Баҳси IRS Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Баъди сару садо дар мавриди ғайриқонунӣ будани низоми пулчинӣ дар ҷодаи Душанбе - Чанак Амонулло Ашӯр, раиси хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон гуфта буд, ки фаъолияти ин ширкат, дар воқеъ баъд аз 1 -уми май ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.

Ҳатто комиссияи вижаи ин хадамот қарор кард, ки пулчинӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ аз сӯи IRS қатъ шавад. Аммо ин ширкат
қарори комиссияи махсусро иҷро накард.

Акнун бо нашри хулосаи кори ҳайати ҳукуматӣ, ин суол матраҳ мешавад, ки хулосаи мазкур ба чӣ маъност? Оё дар воқеъ суханони раиси хадамоти зидди инҳисорӣ беасос буданд? Ва ё пуштибони IRS қавитар аз хадамоти ҳукуматии Тоҷикистон аст?

Бо баёнияи Ҷамолиддин Нуралиев дар мавриди молики роҳи пулакӣ набуданаш, билохира расонаҳо ва мардум ба як суоли худ посух гирифтанд.

Аммо суоли дигар чунин аст, ки ин вокуниш боиси фурӯкаш кардани сару садо дар мавриди роҳи пулакӣ хоҳад шуд ва ё баръакс боиси ангезаи бештаре касб кардани ин сару садо ва даъвоҳо?

Зеро феълан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дар вилояти Суғд қарор дорад ва ба навиштаи расонаҳо суоли аслии мардум ба ӯ, роҳи пулакист.
XS
SM
MD
LG