Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати сокинони Киркуки Ироқ ба СММ


Сокинони Киркук, вилояти баҳсбарангез ва саршор аз захираҳои нафти Ироқ аз Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, барои ҳимояти ҷомеаҳои араб ва туркманҳои ин шаҳр иқдомоти фаврӣ биандешанд. Холид Ал-Мафраҷӣ, узви Шӯрои сиёсии арабҳои Киркук ба бахши ироқии Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи ҳафт соли гузашта чеҳраҳои шинохтаи арабу туркманҳо дар ин шаҳри умдатан курднишин мавриди сӯиқасду ҳамла қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи Ал-Мафраҷӣ, дар сурати адами вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милал, арабу туркманҳо аз ҳукумати марказии Ироқ хоҳанд хост, то ба онҳо иҷоза диҳад, ки ба хотири муҳофизат аз худ, гурӯҳҳои посбонии мусаллаҳ таъсис диҳанд.
XS
SM
MD
LG