Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатори амрикоӣ роҷеъ ба истифода аз ниру бар зидди Эрон


Ҷозеф Либерман-сенатори Амрико мегӯяд, дар Конгресси Амрико бисёриҳо розианд, ки агар Эрон аз талоши дастрасӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ худдорӣ накунад, барои муттаваққиф сохтани ин барномаҳо бар зидди Эрон аз нируи низомӣ истифода хоҳад шуд. Либерман ин суханонро дар Исроил баён дошт ва гуфт, бастаи таҳримҳои ахир, ки дар Конгресси Амрико ба тасвиб расид, ҳушдори қаввӣ ба шумор меравад. Вале вай гуфт, ки роҳи муттаваққиф сохтани Эрон аз идомаи барномаҳои ҳастаӣ роҳҳои дипломатӣ ва ҷорӣ кардани таҳримҳост, гарчӣ дар сурати зарурат истифода аз ниру низ имкон дорад.
XS
SM
MD
LG