Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ёфт шудани ҷасади як зани тоҷик дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тахминан 500-600 метр дуртар аз дидбонгоҳи чиптачинии «Варзоб» дар рў ба рўи деҳаи Дуоба хабар додааст. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев, ҷасади зани тахминан 30-35-солаи шахсияташ номаълум дар назди қубури обгузар бо ҷароҳати косахонаи сар дарёфт карда шудааст. Ҷасад баъд аз азназаргузаронӣ ба мурдахона интиқол дода ёфтааст. Барои муайян намудани шахсияти ҷасад ва ошкор сохтани ҷинояткорон чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.