Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон ҳастии тарҳи нави сулҳи Қарабоғро рад мекунад


Озарбойҷон ин хабарро рад кард, ки гӯё раисиҷумҳури Русия, Дмтирий Медведев ба тарафҳои Арманистон ва Озарбойҷон тарҳи нави байнулмилалии ҳалли низои Қарабоғи кӯҳиро пешниҳод кардааст. Вазири умури хориҷии Арманистон, Эдвард Налбандян мегӯяд, бо Медведев дар Петербург "тарҳи нави усули Мадрид дар ҳалли муноқишаи Қарабоғ"-ро баррасӣ кардааст. Вай ин нуктаро дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон баён дошт. Аммо Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон ин хабарро рад кард ва гуфт, ҳеҷ гуна тарҳи наве дар миён нест ва усули ҳалли низоъ ҳамонест, ки аз тарафи Гурӯҳи Минск дар соли 2007 дар нишасти Мадрид омода шудааст. Низоъ бар сари минтақаи ҷудоихҳои асосан арманнишини Қарабоғи кӯҳӣ аз солҳои 1990 идома дошта, талошҳои сулҳ бо як оташбаси соли 1999 иктифо кардаанд.
XS
SM
MD
LG