Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми дафни раҳбари саршиноси шиъа дар Бейрут


Ҳазорон нафар имрӯз барои ширкат дар расми дафни рӯҳонии саршиноси шиъа оятуллоҳи кубро Муҳаммад Ҳусейн Фазлуллоҳ дар Бейрути ҷанубӣ ҷамъ омаданд. Ниҳодҳои давлатӣ, мактабу донишгоҳҳо ба муносибати рӯзи мотами даргузашти ӯ баста мебошанд. Фазлуллоҳ, ки пешвои маънавии ҷунбиши зиддиисроилии Ҳизбуллоҳ шумурда мешуд, рӯзи якшанбе дар синни 75-солагӣ пас аз беморӣ даргузашт. Мунаққиди машҳури Иёлоти Муттаҳида ва сиёсати Исроил дар минтақа номи ӯ солҳо дар феҳрасти амрикоии террористон ҷой дошт. Солҳои охир вай аз Ҳизбуллоҳ фосила гирифт ва роҳи мӯътадилро дар пеш гирифт. Зодаи Наҷафи Ироқ оятуллоҳ Фазлуллоҳ борҳо ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт, ки дар яке аз онҳо дар соли 1985 дар Бейрут 80 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG