Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба сафари атфоли то 6-сола аз Тоҷикистон иҷоза дод


Русия маҳдудияти сафари атфоли Тоҷикистон ба қаламрави худро лағв кард. Сардори идораи "Роспотробнадзор" ва сарпизишки беҳдоштии Русия, Геннадий Онишенко гуфт, вазъи бемории фалаҷи кӯдак дар Тоҷикистон ба эътидол омадааст ва сар аз 5-уми июли соли равон маҳдудияти сафари кӯдакони то шашсола аз Тоҷикистон ба Русия беэътибор эълон шудааст. Бино ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Бедҳошт ба шарофати эмгузаронии саросарӣ аз 12-уми июн ба ин тараф дар Тоҷикистон ягон мавриди нави гирифторӣ ба полиомелит кашф нашудааст. Маҳдудияти сафари атфол ҳамзамон бо манъи воридоти хушкмеваи Тоҷикистон дар аввали моҳи май ҷорӣ шуда буд. Дар ин байн 16 мавриди вуруди беморони полиомелит ба Русия ба қайд гирифта шудааст. Дар худи Тоҷикистон 206 бемор ташхис шуд, ки 12 нафари онҳо ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG