Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Клинтон дар бораи якпорчагии Гурҷистон


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш ҳамчунон ба тамомияти арзии Гурҷистон арҷ мегузорад. Ӯ дирӯз баъди мулоқоташ бо Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон гуфт: "Ман ба Гурҷистон бо як паёми возеҳе аз раиси ҷумҳур Обама ва худам омадам. Иёлоти Муттаҳида ба истиқлол ва тамомияти арзии Гурҷистон қотеъона арҷ мегузорад. Амрико, мафҳуми “қаламрави нуфуз”-ро намепазирад. Раиси ҷумҳур Обама ва ман худам инро ба ҳамтоёни русии худ мустақим гуфтаем." Ҳилларӣ Клинтон аз қасди Русия барои бунёди пойгоҳҳои доимии низомӣ дар Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ, ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон ибрози нигаронӣ кард, ки Русияву Гурҷистон бар сари он дар моҳи августи соли 2008 бо ҳам ҷангиданд.
XS
SM
MD
LG