Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон президенти навро интихоб мекунад


Имрӯз, 4-уми июл, дар Лаҳистон даври дуввуми интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Дар интихобот раиси парлумони ин кишвар Бронислав Комаровский ва бародари ҳамзоди президенти пешини Лаҳистон Ярослав Качинский ба рақобат мепардозанд.

Дар даври аввали интихобот, ки ду ҳафта қабл баргузор шуд, ҳеҷ яке аз даҳ номзад барои пирӯзӣ раъйи кофӣ ба даст наовард. Дар ин давр 41 дарсади интихобкунандагон аз номзадии раиси порлумон Бронислав Комаровский ва 37 дарсад аз сарвазири собиқ ва бародари президенти пешини Лаҳистон Ярослав Качинский пуштибонӣ карданд.

Интихоботи қабл аз вақти президентии Лаҳистон баъд аз ҳалокати раисиҷумҳур Лех Качинский бар асари суқути ҳавопаймо дар Русия таъин карда шуд. Ин фоҷеа 10-уми апрел ба вуқӯъ пайваст ва дар он даҳҳо ходимони давлативу вакилони парлумон ва донишмандону хабарнигорони лаҳистонӣ ба ҳалокат расиданд.

Ҳайати баландпояи Лаҳистон рӯзи 10-уми апрел мебоист дар маросими ҳафтодумин солгарди ёдбуди қурбониёни «Катин» - маҳалли қатли оми ҳазорон асири лаҳистонӣ аз сӯи низомиёни шӯравӣ дар вилояти Смоленски Русия ширкат мекард.

Баъд аз ҳалокати раисиҷумҳури Лаҳистон раиси парлумони ин кишвар Бронислав Комаровский муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро бар дӯш гирифт ва санаи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кард.
XS
SM
MD
LG