Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Amnesty International аз мақомоти Эрон


Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар - Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз мақомоти Эрон даъват кард, ки ҳама иттилоъ дар бораи ду нафари барои куштори се маҳбус ба эъдом маҳкумшударо ошкор созад. Дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқи башар гуфта шудааст, ки Теҳрон бояд маълумот дар бораи тафтиши далелҳои шиканҷа ва бадрафторӣ бо маҳбусони зиндони Коҳрезак ва ҳамчунин далелҳои судури ҳукми эъдомро пешниҳод намояд.
Барои нахустин бор дар Эрон онҳое маҳкум ба эъдом шудаанд, ки дар куштори маҳбусон – ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ алайҳи дубора дар мақоми раисиҷумҳур интихоб шудани Маҳмуди Аҳмадинажод, даст доранд.
XS
SM
MD
LG