Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллимони бехонаи Хатлон


Мактаб - вагон дар Хатлон
Мактаб - вагон дар Хатлон

Ҳудуди 400 омӯзгори ҷавон бинобар маоши нокифоя ва надоштани манзили зист дар наздики маҳалли корашон, аз фаъолият дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон даст кашидаанд.

Бо назардошти норасоии шадиди омӯзгорон бахусус дар макотиби ҳамагонии рустоҳои дурдасти Хатлон, мақомоти ҳукумат ва вазорати маорифи Тоҷикистон дар чанд соли қабл тасмим гирифта буданд, омӯзгорони ҷавонеро, ки барои кор дар чунин таълимгоҳҳо равона мешаванд, бо манзили зист ё ҳадди ақалл қитъаи замин таъмин намоянд.

Азбаски маоши омӯзгорӣ хеле камтар аз ҳаҷми сабадчаи истеъмолии мардум аст, ихтисос додани қитъаи замин ё манзили зист барои омӯзгорон ягона роҳи ҳавасмандкунии онҳо барои кор дар мактабҳо мебошад. Ва аммо ба иттилои раёсати маорифи вилояти Хатлон, то ин замон танҳо ҳудуди 30 омӯзгор бо қитъаи замин барои сохтмони манзил таъмин шудаанд, дар ҳоле ки шумори ниёзмандон ба беш аз ду ҳазор нафар мерасад.

"Бо маоши муаллими хонахарӣ намешавад"

Назокат Ҷумъаева, омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, ӯ бо дӯстписари омӯзгораш тоза оила барпо кардааст ва ба манзили зист бисёр эҳтиёҷ дорад, аммо бо маоши ночизи муаллимӣ харидани хонаро оилаи ҷавон берун аз ҳадди имконоти худ медонад:

«Чандин карат ба ҳукумат ва шӯъбаи маорифи ноҳияи худамон ариза навиштем, аммо то ҳол доир ба дархости мо барои манзили зист ҳеҷ хабаре нест. Бисёре аз омӯзгорони мактаби мо хонаи худро надоранд. Хатмкунандаҳои донишгоҳҳои омӯзгориро бо ваъдаҳои бардурӯғ дар бораи ҷудо кардани замин ё манзили зист ба мактабҳои дурдаст мефиристанд, дипломашонро то се сол намедиҳанд, ки маҷбур кор кунем, лекин дастгирӣ ҳам нест. Дар ҳамин мактаби мо муаллимоне ҳастанд, ки аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб омадаанд ва ҳоло аз ноилоҷӣ дар синфхонаҳои мактаб бо фарзандонашон зиндагӣ мекунанд. Аҳволамон дар зимистон аз ин ҳам бадтар мешавад…»

Ва аммо Абдуламин Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар, мегӯяд, дар воқеъ шумораи аризаву дархостҳои расида аз омӯзгорон барои қитъаи замин ё манзили зист зиёд аст, аммо азбаски бахши аъзами заминҳо обию корам ҳастанд, он танҳо ба хотири рушди кишоварзию истеҳсолот истифода мешавад. Вай афзуд, барои ихтисоси заминҳои бекорхобида ба омӯзгорони ҷавон бояд аз мақомоти болоии ҳукумат иҷоза дарёфт карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, Мирзохон Менглиқулов, корманди маъсули Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон, дар ин иртибот мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон соли 2006-ум дар мавриди ихтисос додани қитъаҳои замин барои омӯзгорон қароре содир намуда буд.

"Муаллим бояд ҳаққи худро талаб кунад"

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Менглиқулов, ҷиҳати иҷрои ин амр бояд аз заминҳои ғайрикорам истифода шавад ва худи омӯзгорон интизор нанишаста, барои ҳаққи худ ба замин талош кунанд:

«Муаллимон бояд қарори Ҳукумати Тоҷикистонро асос оварда, дархостҳои гурӯҳӣ нависанд, ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кунанд, агар ҳал нашуд, мақомоти болоии ҳукумати вилоят ва ҷумҳурӣ ҳаст… Аммо заминҳои обиро набояд барои сохтмони манзили зист до два ин корро ҳукуматҳои ҳам намекунанд, зеро ин як воситаи даромад ба буҷаи маҳаллӣ аст. Бояд заминҳои ғайрикорам ба муалимон дода шавад…»

Дар ҳамин ҳол, дар раёсати маорифи вилояти Хатлон мегӯянд, яке аз воситаҳои аслии осон ҷалб шудани омӯзгорони ҷавон ба кор дар мактабҳо таъмини онҳо бо манзили зист мебошад ва бо ин роҳ вазъи иҷтимоию сифати корашон низ беҳтар хоҳад шуд.

"Омӯзгор бояд ба мушкилӣ тоқат кунад"

Нуралӣ Азизов, муовини сардори раёсати маорифи Хатлон, мегӯяд, дарвоқеъ шумори қобили мулоҳизаи омӯзгорони минтақа ба манзили зист ниёз доранд ва як сабаби аз кор дар мактабҳо парҳез кардан ё даст кашидани онҳо ниёзмандиашон мебошад.

«Мушкилоте, ки дар сари мардуми тоҷик ҳаст, яъне норасоии шадиди омӯзгорон барои тарбияи фарзандон, тарбияи насли нав, бояд ҳар як омӯзгори ҷавони бонангу номус инро дарк кунад. Ба шароити имрӯза нигоҳ кунем, мумкин маоши омӯзгор бисёр каму нокифоя бошад, аммо бояд дарк намуд, ки имрӯз агар онҳо ба мактабҳо ба кор нараванд, фарзанди онҳо, додару хоҳари онҳо бесавод мемонад, ояндаи миллати мо чӣ мешавад? Як ҳисси баланди миллӣ ва масъулиятшиносӣ бошад бояд дар омӯзгор, ки бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуда ба мактаб ба кор биёяд, тоқат кунад. Вале албатта, бо даст додани имкон бояд шароити омӯзгорон беҳтар карда шавад…»

Бо ин ҳама, ки бисёре аз омӯзгорони ҷавон пас аз ноумед шудан ба дарёфти манзил ё қитъаи замин аз сӯйи давлат, аз кор дар мактабҳо даст кашида, ё ба соҳибкорӣ даст мезананд, ё ба муҳоҷирати корӣ мераванд.
XS
SM
MD
LG