Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои чаҳорякфиналӣ ва шавқангези Ҷоми Ҷаҳонии Футбол


Рақобатҳои марҳилаи чаҳорякфиналии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол, имрӯз бо бозии Бразилия қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон ва Ҳолланд, тими нерӯманди Аврупо оғоз меёбад. Агарчӣ Бразилияи 5 маротиба қаҳрамони ҷаҳон шудааст, аммо дар бозиҳои гузаштаи ҷаҳонӣ дар се бозӣ ду маротиба аз Ҳолланд шикаст хӯрдааст. Рақобати онҳо соати 7 ба вақти Душанбе дар шаҳри Порт Элизабет шурӯъ мешавад. Бозии дигари чаҳорякфиналӣ миёни Уругвай ва Гана, ягона кишвари африқоии боқимонда дар мусобиқот аст. Бозии мазкур соати 12 30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.
XS
SM
MD
LG