Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқот дар Тошканд, дар робита ба Тоҷикистон низ


Ҳамид Беҳбаҳонӣ, вазири роҳ ва таробарии Эрон бо Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазир ва вазири молияи Ӯзбакистон, масоили мавҷуд дар ҳамкории ду кишвар дар ин арсаро баррасӣ кардааст. Ҷумҳурии Исломӣ, чанде пеш ба Ӯзбакистон ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамчунон нигаҳ доштани қаторҳои эронии озими Тоҷикистон дар қаламраваш, бо Ӯзбакистон чунин рафтор хоҳад кард, ки рӯзона то 150 қатораш аз тариқи роҳҳои оҳани Эрон ба Халиҷи Форс мерасад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Ӯзбакистон то кунун садҳо қатори кишварро дар қаламраваш нигаҳ медорад ва дар миёни он қаторҳои зиёди тоҷирони эронӣ ва ҳамчунин масолеҳи лозим барои нерӯгоҳи Сангтӯда – 2 низ будааст, ки Эрон дар Тоҷикистон месозад. Ба иттилоъи хабаргузории расмии “ИРНА”, дар ин мулоқот дар шаҳри Тошканд, Ҳамид Беҳбаҳонӣ, гуфтааст, “бо даст ба даст додан, ба ҳамдигар мо метавонем, ин масоилро ҳал кунем, балки метавонем, корҳои бузургтареро анҷом диҳем.” Рустам Азимов, аз вазири эронӣ хостааст, то таруфаҳои нақлиётӣ барои молу колои эрониро коҳиш диҳад. Хабаргузории "ИРНА" мегӯяд, Ҳамид Беҳбаҳонӣ ҳамчунин бо тоҷирони эронии муқими Ӯзбакистон дидор карда ва бо мушкимлоти онҳо дар заминаи ҳамлу нақл ошно шудааст.
XS
SM
MD
LG