Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати Ироқ ба бунёди обанбор дар Туркия


Вазири захираҳои оби Ироқ, Абдулатиф Рашид, гуфт, кишвараш ба тарҳи Туркия дар бунёди нерӯгоҳи Илису дар рӯдхонаи Даҷла мухолиф аст, зеро ин банд ба коҳиши маҷрои об ба Ироқ сабаб мешавад. Рашид дар ин бора аз минбари ҳамоиши вазирони Лигаи кишварҳои араб дар Қоҳира сӯҳбат кард. Туркия мехоҳад бо бунёди обанбори Илису дар 300 ҳазор километри мураббаъ дар наздикии марзи Ироқ ба тавлиди нерӯи барқ шурӯъ кунад. Рашид гуфт, ин тарҳ на танҳо маҷрои обро коҳиш медиҳад, балки ба зиндагии ироқиҳо дар масири рӯдхона таъсири манфӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG