Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори ислоҳи низоми муҳоҷирати Амрико шуд


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар як паёми муҳимаш ба ислоҳи низоми муҳоҷирати кишвараш даъват кард. Вай гуфт, ин низом шикастааст, аммо ислоҳоти он дар гарави рақобатҳои сиёсӣ ва бархӯрди манофеъ афтодааст. Ба гуфтаи Обама, марзҳои Амрико тайи солҳо рахнаҳо доштанд ва дар натиҷа ҳоло дар ин кишвар 11 миллион муҳоҷири бесанад ба сар мебаранд. Вай афзуд, мушкил танҳо бо бунёди деворҳо ва ҷойгузин кардани марзбонон ҳал намешавад.
XS
SM
MD
LG