Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ФИФА аз дахолати сиёсӣ ба футбол


Федератсиюни байнулмилалии футбол (ФИФА) изҳор намуд, ки масоили марбут ба вазъи дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Нигерия баъд аз нокомияшон дар сабқати Ҷоми ҷаҳон оид ба футболро меомӯзад. ФИФА аз вокуниши мақомоти ин ду кишвар ба бохти футболбозонашон дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон изҳори ҳайрат кардааст. Рӯзи ҷаҳоршанбе мураббии дастаи Фаронса Раймон Доменек, ки ба зудӣ мақомашро тарк мекунад, мавриди бозпурсии як комиссиюни парлумон қарор гирифт ва ба суолҳои вакилон дар бораи сабабҳои нокомиии даста посух дод. Раисиҷумҳури Нигерия Гудлак Ҷонотан бошад амр кардааст, ки дастаи мунтахаб аз ширкат дар мусобиқаҳои байнулмиллалӣ дар ду соли оянда маҳрум сохта шавад. ФИФА эълом дошт, ки дахолати сиёсӣ ба умури варзишро таҳаммул нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG