Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди маҷрӯҳон дар Грозний мушаххас шуд


Бар асари инфиҷор дар маркази шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон, тибқи итилоъи ниҳоӣ, 8 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ ба "Интерфакс" хабар доданд, ки дар ин ҳодиса панҷ корманди милиса, як низомӣ ва ду зани маҳаллӣ захмӣ шудаанд. Аз ин пеш раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар бораи маҷрӯҳ шудани панҷ нафар иттилоъ дода буд.
Шоми дирӯз як маргталаб худро дар канори як толори консертии Грозний инфиҷор кард. Дар ин толор бояд маҳфили ҳунарманди шоистаи Русия Валид Дағоев бо ширкати раҳбарони Чеченистон баргузор мешуд. Ҳуввияти маргталаб аллакай мушаххас шудааст.
XS
SM
MD
LG