Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус имрӯз вориди Афғонистон мешавад


Фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон генерал Дэвид Петреус имрӯз вориди Кобул мешавад. Қабл аз ин ӯ дар ситоди НАТО дар шаҳри Брюссел нишасти хабарӣ доир хоҳад кард.
Дирӯз Сенати ИМА номзадии Дэвид Петреусро дар мақоми нав пазируфт. Петреус саввумин фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон баъди дар авоили соли 2009 раисиҷумҳури Амрико интихоб шудани Барак Обама мебошад. Ӯ дар ин мақом генерал Стэнлӣ МакКристалро иваз кард, ки чанде қабл барои ҳарфҳои носазо дар ҳаққи мақомоти кишвар дар сӯҳбате бо маҷаллаи “Rolling Stone” ба истеъфо фиристода шуд. Фақат моҳи июни соли равон дар Афғонистон беш аз сад низомии эътилофи байнулмилалӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG