Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии сенати Амрико аз номзадии Петреус


Сенати Иёлоти Муттаҳида номзадии генерал Дейвид Петреусро дар мақоми фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон тасдиқ кард. Петреус бо пешниҳоди раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, дар ин мақом генерал Стенлӣ Маккристалро иваз кард, ки пас аз баёнияҳои танқидияш ба унвони сарони Иёлоти Муттаҳида аз вазифа барканор шуд. Ба ҳайси аломати даргириҳои сахти оянда Толибон дирӯз як фурудгоҳи НАТО-ро дар шарқи Афғонистон мавриди ҳамла қарор доданд. Чанд ҳамлавар кушта ва ду сарбози НАТО захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG